- нигоҳ
- (нигаҳ)[نگاه // نگه]чашмандозӣ барои дидан, нигариш; дид, назар; нигоҳи беҷо назари бад; нигоҳи гарм нигариши меҳромез; нигоҳи дуздида назари пинҳонӣ; нигоҳи маънидор нигоҳе, ки бо он матлабе ифода меёбад; нигоҳи пурсиш нигоҳи суол-омез; нигоҳи ҳайрат ҳайратомезона нигаристан ба касе (чизе); нигоҳ доштан а) ба таҳти назар гирифтан, боздошт кардан; б) гирифта мондан, андармон кардан; в) ҳифз кардан, маҳфуз доштан; г) боздоштан, пеши чизеро гирифтан, мутаваққиф сохтан; гов (мурғ) нигоҳ доштан гов (мурғ) парвариш кардан, нигоҳубин намудан; худро вазнин нигоҳ доштан батамкин будан; тартиб нигоҳ доштан ба тартиб риоя кардан; ятим нигоҳ доштан касеро барои хизматгорӣ гирифтан; нигоҳ кардан а) назар кардан, нигаристан; б) рӯ ба чизе овардан, ру ба ҷониби чизе кардан; в) эътибор додан, назорат кардан, муроқибат кардан; г) муносибат кардан; нигоҳ карда истодан а) якзайл чашм дӯхтан, беист нигаристан; б) мунтазир шудан; ба дасти касе нигоҳ карда мондан дастнигар шудан, мӯҳтоҷ будан ба ёрии касе; нигоҳ накардан а) назар наандохтан; б) вобаста набудан, марбут набудан; нигоҳ карда нишастан мунтазир шудан; бо як чашм нигоҳ кардан як хел муносибат кардан; нигоҳ карда мондан мавқуф ба чизе будан; нигоҳ карда… а) аз рӯи…, вобаста ба…, ҳаминро ба назар гирифта… б) ба ҷониби…, рӯ ба… ба ман нигоҳ кун! ба гапи ман гӯш деҳ! нигоҳ карда истодан… чанд муддат таҳти назар гирифтан, мушоҳида кардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.